image

Ба хотири саҳмгузорӣ дар корҳои тозагиву ободонӣ кормандони соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе ба ҳашар баромаданд

date_range10.02.2025, 12:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye924

Рӯзҳои истироҳатӣ дар баробари кормандони дигар бахшу соҳаҳо нақлиётчиёни шаҳр низ фаъолона дар ин тадбири беҳдоштӣ ширкат намуданд. Кормандони сохтору муассисаҳои нақлиётии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Боғи ғалаба ва нигоҳдории ҷангал»-и шаҳри Душанбе ин навбат маъракаи ниҳолшинониро ташкил намуданд.

Дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутахаасисони сохторҳои нақлиётӣ ҳам ба ҳашар баромада, барои хуррамгардонии як гӯшаи шаҳри азизамон масъулият нишон доданд.

Дар ин тадбири беҳдоштӣ кормандони МДК «Душанбенақлиётхадамторасон», корхонаҳои воҳидии давлатии Автобус 1, Автобус 2, Автобус 3, Троллейбус ва ҷамъиятҳои нақлиётии хизматрасониву ширкатҳои таксӣ ширкат намуданд.

Дар баробари он, ки тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ дар мисоли сохтмони иншооти таъиноти гуногун дар шаҳр бо авҷу суръат идома дорад, ташкили чунин тадбирҳои ниҳолшинонӣ ҳам барои зебоии гӯшаву канори шаҳр мусоидат менамояд. Аз ин рӯ кормандони сохторҳои гуногуни шаҳрӣ низ тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин тадбирҳои экологӣ ширкат намоянд.

Дар маҷмуъ 350 нафар дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат намуда, зиёда 1500 бех ниҳоли ороишӣ ва ҳамешасабз шинониданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"