image

Бахшида ба «Рӯзи Модар» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувон баргузор мегардад

date_range11.02.2025, 11:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye896

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи Модар», арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон, дастгирӣ ва қадрдонии занону бонувон ва мутобиқи банди 8 Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2025, Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар» ба тавсиб расид.

Мутобиқи қарори мазкур Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар» дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ»-и шаҳри Душанбе аз 15 феврал то 6 марти соли 2025 баргузор карда мешавад.

Дар ин замина Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзиши», раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо Кумитаи тадорукот, Федератсияи волейболи Точикистон барои даъват ва ҷалби дастаҳои волейболи бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои бонувони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ доир гардидани мусобиқаи мазкур чораҷӯӣ намоянд.

"ТВ Душанбе"