image

Гурӯҳи таблиғотии МИҲД шаҳри Душанбе бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Алачабофон, Дӯстӣ, Дарвоз ва Ҳосилот мулоқот намуданд

date_range12.02.2025, 09:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye80

Бо мақсади омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҶТ» ҳамзамон тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ миёни сокинони пойтахт, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрнишинон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ҷиҳати пешгирии фарҳанги бегона ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2-уми январи соли 2025 "Дар бораи таъсиси гурӯҳи таблиғотӣ"-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба тасвиб расидааст.

Дар асоси талаботи Қарори мазкур, гурӯҳи таблиғотӣ дар ҳайати намояндагони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он шуруъ аз аввали сол мулоқоту вохӯриҳои судмандро бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони корхонаву муассисаҳои ҳудуди пойтахт доир карда, дар ҷараёни он бо сокинон аз моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муфассал маълумот ироа намуда истодаанд.

Инчунин шаҳрвандон зимни ин вохӯриҳо ба риояи одоби дурусти шаҳрнишинӣ, вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ ва ташкилу иштироки фаъолона дар шанбегиҳои ноҳиявию умумишаҳрӣ даъват гардида, ба онҳо имконият дода шуд, ки аз мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар тамоми бахшҳо суҳбат кунанд. Зеро яке аз ҳадафҳои асосии таъсиси гурӯҳи таблиғотӣ ва ташкили вохӯриҳо бо сокинон маҳз огоҳӣ ёфтан аз мушкилоташон бо роҳи ташкили суҳбати озоду ошкоро бо худи онҳо мебошад.

Дар мулоқоти навбатии гурӯҳи таблиғотӣ бо роҳбарии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини дигари мақомот, ки бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Алачабофон, Дӯстӣ, Дарвоз ва Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсӣ сурат гирифт, масъалаҳои дар боло зикргардида баррасӣ карда шуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"