image

Мулоқоту вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон

date_range12.02.2025, 10:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye84

Бо ташаббуси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академики М.Осимӣ ташвиқоти пеш аз интихоботии номзадҳои пешбаришуда ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Масъулини Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат, интихобот ва низоми интихоботӣ ташкил медиҳад.

Баъдан номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо Барномаи пеш аз интихоботии худро пешкаши интихобкунандагон намуда, суҳбати гарму самимӣ доир намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар асоси нақшаи баргузории ташвиқоти пеш аз интихоботии номзадҳои ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардида вохӯриҳо аз санаи 10 феврал оғоз гардида, то 26 феврали соли 2025 идома меёбад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"