image

Омодагӣ ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

date_range13.02.2025, 10:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye202

Бо ташаббуси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ташвиқоти пеш аз интихоботии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.

Масъулин зимни баромади худ афзуданд, ки истиқлоли давлатӣ ҳамчун заминаи муҳими ташаккули давлатдории мустақил барои Тоҷикистон марҳилаи таърихии навро боз намуд. Дар ин замина интихоби роҳи демократии рушд тақозо менамояд, ки дар ташаккули ҳокимияти сиёсӣ иродаи мардум ба инобат гирифта шавад. Бо ин мақсад бунёди низоми нави сиёсӣ ва дар заминаи он таъсиси ниҳоди интихобот ҳамчун механизми татбиқи муносибатҳои демократӣ сурат гирифт.

Мутобиқи моддаи 39 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” давлат ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ дар давраи пеш аз интихобот бе мамониат ташвиқот бурданро  мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Баъдан аз ҷониби номзадҳои пешбаришуда ва шахсони беэътимоди онҳо Барномаи пеш аз интихоботиашон пешкаши интихобкунандагон гардонида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар асоси нақшаи баргузории ташвиқоти пеш аз интихоботии номзадҳои ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардида вохӯриҳо аз санаи 10 феврал оғоз гардида, то 26 феврали соли 2025 идома меёбад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"