image

Э Ъ Л О Н: ОИД БА МУВАҚҚАТАН ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ИНТИҚОЛИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР БАЪЗЕ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range28.04.2025, 12:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye76

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ” тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгадридаи КВД “Обу корези Душанбе” бо мақсади иваз намудани луқидони қутраш 600мм дар истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» ва луқидони қутраш 600мм-и қубури самти Зарафшон дар кӯчаи А.Навоӣ (обанбори Меҳробод) ва пайваст намудани қубурҳои лоиҳавӣ ба қубурҳои мавҷуда дар ноҳияи Сино, интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23-00 рӯзи 29 апрели соли 2025 то соати 23-00 рӯзи 30 апрели соли 2025 дар минтақаҳои зерин қатъ мегардад:-

ноҳияи Сино, шаҳракҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор, Меҳнатобод, Зафар, Чавлибои, Гиҷдалабо ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;

ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаҳои Хуҷамбиёи боло, поён, Шафақ, А. Мухтор, Нодира;

ноҳияи Фирдавсӣ; кӯчаҳои А.Қаҳҳоров, Миралӣ Маҳмадалӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то хонаи №36, хиёбони С.Шерозӣ то хонаи №24.

Аз ин лиҳоз, аз Шумо шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоед.