
МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ШАЙХ СУРУР БИН МУҲАММАД ОЛӢ НАҲЁН
11 июни соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо намояндаи аршади оилаи ҳокими Амороти Абу Забӣ Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олимақомро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе хуш омадед гуфта, қайд намуданд, ки рушду таҳкими ҳамкориҳои судманд бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад ва натиҷаҳои музокироти имрӯза дар таърихи муносибатҳои дуҷониба боз як саҳифаи наву пурмазмунро боз хоҳад кард.
Дар мулоқот ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои рушди инфрасохтор, сохтмону сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инноватсия, иқтисоди сабз ва дигар бахшҳои воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ