image

ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ ВКД ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ПОЙТАХТ 

date_range20.06.2025, 18:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye36

ш.Душанбе. 20.06.2025. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи И. Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Иншооти мазкур дар масоҳати 30 садяк сохта шуда, аз 6 ошёна бо таҳхона иборат мебошад. 

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шароити фароҳамовардашуда барои кормандони мақомоти милитсия баҳои баланд дода, ҳайати шахсиро ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, саҳми фаъол гузоштан дар пешгирии ҷинояткорӣ дар пойтахт, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иҷрои дигар уҳдадориҳои касбӣ вазифадор намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе аз 59 ҳуҷраи корӣ, ошхона, толори маҷлисӣ иборат буда, дар ошёнаи якум чойгиронии мошинҳои оташнишонӣ ва махсус пешбинӣ гардидааст ва дар ошёнаҳои дигар ба кормандон баҳри иҷрои уҳдадориҳои касбӣ ва пешрафти фаъолияти хизматӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ кормандони мақомотро бо бинои наву замонавӣ табрик намуда, баҳри иҷрои содиқонаву софдилонаи вазифаҳои бар уҳда доштаашон дар назди халқу ватан даъват намуданд.