image

Дар шаҳри Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум доир гардид

date_range01.10.2025, 11:24 chat_bubble_outline0 remove_red_eye7

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор шуд.

Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 42 масъала қабул намуданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд. 

Тибқи рӯзнома аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», ки дар шакли қонуни мукаммал қабул ва пешниҳод гардидааст, инчунин, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва ҷонибдорӣ карданд.

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ҷонибдорӣ карда шуданд.

Дар асоси пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Каримзода Карим Мазиё бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ, Абдураҳимзода Дилором Рустам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оймаҳмадзода Маҳмадҷон ва Ваҳобзода Шаҳло Ҳотам бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷуразода Насиба Ёрмад, Пӯлодӣ Мавҷуда Комил ва Хушмаҳмадзода Алифмо бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ва Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабзода Парвина Шариф бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуданд.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Абдураҳимзода Дилором Рустам муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабзода Ҳотам Назар муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ, Раҳмонзода Сайдалӣ Сабзалӣ муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон, Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа, Мирзозода Манучеҳр Ҳасан ва Баротзода Ҳусейн Наҷот судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Раҷабзода Парвина Шариф судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.

Дар идомаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 баррасӣ карда, қарори дахлдор қабул намуданд.

Дар фарҷом, аз рӯи пешниҳоди Ҳукумати Ҷум¬ҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси миллӣ дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Дашти Ҳаштсари деҳоти Айнии ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва иваз намудани номи он ба Ваҳдатобод, қабул гардид. 

Бо ҳамин, иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум кори худро анҷом дод.