image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МАХСУСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ДОИРАИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ “DUSHANBE INVEST - 2025”

date_range15.10.2025, 12:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye11

15 октябр дар толори асосии Муассисаи давлатии “Кохи ваҳдат” дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ "Dushanbe Invest – 2025" ҷаласаи махсуси шаҳри Душанбе таҳти унвони "Шаҳрҳои оянда: бехатар, сабз ва ҳушманд" аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Чорабинии мазкур ба яке аз майдонҳои калидии форум табдил ёфта, намояндагони шаҳрҳои Осиё, созмонҳои байналмилалӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва доираҳои тиҷоратиро аз зиёда аз 50 кишвари дунё ҷамъ овард. 

Чорабинӣ талошҳои Душанберо барои таъсиси шаҳрҳои муосир, сабз, ҳушманд, экологӣ ва технологӣ, ки барои ҳамкории байналмилалӣ кушода аст, таъкид намуд. Ҷаласа бо муаррифии навори кутоҳ вобаста ба дастовардҳо ва имкониятҳои сармоягузории Душанбе ва ироаи сухани ифтитоҳии Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ оғоз ёфт. 

Зимни сессияи якум зери модератории муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон дар мавзӯи "Пойтахтҳои Осиё ҳамчун муҳаррикҳои рушд ва пешрафт" ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони шаҳрҳои Осиё, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ, аз ҷумлаи муовини як суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон нақши шаҳрҳои замонавиро дар таъмини рушди устувор, инфрасохтори бехатар ва сабз, рақамисозии муҳити шаҳрӣ ва ташкили инфрасохтори бароҳат баррасӣ карданд. 

Сессияи дуюми ҷаласа "Сармоягузорӣ ба Душанбе - пойтахти фардо" таҳти модератории Леандро Словински - директори байналмилалии таҳририи Beyond Investments Group баргузор гардид.

Дар он намояндагони ширкатҳои сармоягузори муваффақ ва бонкҳои пешрафта, аз ҷумла: ҶДММ “Авесто гуруҳ”, Coca-Cola нӯшокиҳои Тоҷикистон, КВД “Шаҳри ҳушманд”, Freedom Bank Tajikistan, Rox Group (Ветнам) ва K-Ict (Кореяи Ҷанубӣ) иштирок намуданд. 

Ҷаласаи махсус бо маросими баимзорасонии 17 созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум байни намояндагони давлатӣ, шарикон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба маблағи умумии 5 миллиарду 417 миллиону 280 ҳазор сомонӣ ҳусни анҷом ёфт.

Ҳуҷҷатҳои имзошуда ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инфрасохтори шаҳр, корхонаҳои саноатӣ, сохтмони меҳмонхона ва марказҳои бузурги савдо(гипермаркет) ва технологияҳои инноватсионӣ равона карда шуда, саҳми муҳим дар рушди устувори пойтахт хоҳанд буд.

 Шоми 15 октябр бошад, дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest – 2025" аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри сокинони пойтахт ва иштирокчиёну меҳмонони Форум намоиши ҳунарҳо, хӯрокҳои миллӣ ва чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки сарояндаҳои дохил ва хориҷи кишвар баргузор карда шуд.