image

Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - таҳкимбахши қонунгузории кишвар"

date_range01.11.2025, 13:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye49

Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - таҳкимбахши қонунгузории кишвар" бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 

Дар чорабинии мазкур роҳбарияту кормандони Академия, судяҳо, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Мавриди зикр аст, ки дар доираи маҳфилҳо ва нақшачорабиниҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин чорабиниҳо мунтамзам ташкил карда мешавад.        

Меҳринисо Рауфова

"ТВ Душанбе"