image

Ҳамоиши маърифатӣ дар Вазорати фарҳанг

date_range03.11.2025, 21:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

Ба муносибати 31солагии Рӯзи Конститутсия дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд. 

Ширкатдорон дар раванди чорабинӣ доир ба арзиши ин санади олӣ андешаронӣ намуданд. 

Гуфта шуд, ки дар Конститутсия принсипу меъёрҳои бунёдии ҷомеа ва давлат муқаррар шудаанд, ки онҳо асоси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии давлатро ташкил медиҳанд.   

Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад.  

Ширкатдорони дигари чорабинӣ низ доир ба аҳамияти Конститутсия дар низоми давлатдорӣ баромад карданд. 

Раҳими Карим 
"ТВ Душанбе"