Маросими савгандёдкунӣ дар қисми низомии 0123-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба ифтихори ҷашни 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сарбозони навдаъватшуда ва падару модарони онҳо маросими тантанавии савгандёдкунӣ доир гашт.
Маросими қабули савганди ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои муҳим дар хизмати ҳарбӣ ва лаҳзаи фаромӯшнашаванда дар ҳаёти афсарону сарбозон маҳсуб мешавад.
Дар ҷамъомади тантанавӣ беш аз 1044 нафар наваскарон баъди хатми барномаи мукаммали таълимӣ барои садоқат ба халқу Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ савганд ёд карданд.
Дар идомаи маросим баъд аз қабули савганди ҳарбӣ наваскаронро масъулини фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амияти миллии Ҷумҳурии Тоҷииктсон ва масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиистон бо рӯзи таърихӣ ва лаҳзаи фаромӯшнашавандаи хизмати ҳарбӣ табрик намуда, ба онҳо хизмати содиқонаву софдилона, самаранок аз худ кардани машғулияти таълимӣ ва дар роҳи хизмат ба Ватан комёбӣ, иродаи қавӣ ва ҷасорату мардонагӣ таманно намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки наваскарон бо хоҳиши худ хизматро дар сафи ҷузъу томҳои Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёр карда, аллакай оид ба тайёрии ибтидоии ҳарбӣ маълумоти муфассал доранд.
Ҳамчунин дар даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ нафарони зиёде баъд аз хатми муассисаҳои олии мамлакат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин аз масъулияти баланди ватандӯстии онҳо дарак медиҳад.
Масъулияти ватандорӣ, ҳисси баланди ҷавонмардӣ ин наваскаронро барои аз худ намудани дарси мардонагӣ, ҷасорату шуҷоат ба ҳам овардааст, то ҳамеша барои ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва нангу ифтихори миллӣ омода бошанд.
Маросими тантанавии қабули савганди ҳарбиро гузашти низомии наваскарон таҳти оҳангҳои ҷаззобу мутантани оркестри ҳарбии Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом бахшид.
Қабули савганди ҳарбӣ, хизмати содиқона ба Модар-Ватан нишони садоқат, ифтихору шарафмандӣ, камоли инсонӣ ва беҳтарин оини ҷавонмардонагист, ки аз насл ба насл ҳамчун мероси ниёгон боқӣ мемонад.
Дар интиҳо баҳри сарбозон барномаи рангини консертӣ барпо шуд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ