image

Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия

date_range10.11.2025, 08:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye52

Муҳтарам кормандон, хизматчиён ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ!

Ба ҳамаи шумо ҷашни касбии кормандони мақомоти корҳои дохилиро самимона табрик мегӯям.

Милитсия тоҷик тӯли даврони соҳибистиқлолӣ баҳри ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи зиндагии осоиштаи сокинони мамлакат ва обрӯи миллату давлати худ ҳамеша дар сафи пеши мубориза қарор дошта, аз худ матонату ҳушёрӣ, ҷасорату фидокорӣ ва садоқату ватандӯстии баланд нишон додааст.

Маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра мақомоти корҳои дохилии мамлакат ташаккул ёфта, ба як сохтори муосир, боэътимод ва бонуфуз табдил ёфт. 

Имрӯз ин ниҳод дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи тартиботу амнияти ҷамъиятӣ ва таъмини волоияти қонун нақши муҳим ва арзанда мегузорад.

Ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия ба кулли ҳомиёни тартибу низом ва суботу оромӣ саломатии қавӣ ва дар ҷодаи иҷрои рисолати пуршарафашон бурдбориҳо орзу менамоям. 

Итминони комил дорам, ки шумо минбаъд низ бо садоқат ба Ватан, бо эҳсоси баланди масъулият ва ифтихори миллӣ, барои таҳкими сулҳу субот, қонуният ва амнияти давлат содиқона хизмат менамоед.

Рӯзи кормандони милитсия, муборак бошад!