image

Маросими гулчанбаргузории муштараки роҳбарони парламентҳо ва роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокчии АБП ИДМ дар майдони Дӯстӣ

date_range14.11.2025, 12:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye10

14 ноябр сафари кории роҳбарони парламентҳо ва роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокчии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маросими гулгузорӣ дар назди пояи пайкараи Исмоили Сомонӣ идома ёфт.

Меҳмонон бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ташриф оварда, дар фазои тантанавӣ зери пояи асосгузори нахустин давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ гулу гулчанбар гузоштанд ва ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати бостонии тоҷик эҳтиром ба ҷо оварданд.