image

Озмуни “Мухлиси сол – 2025” ҷамъбаст гардид

date_range18.12.2025, 16:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye68

Соли дуюм аст, ки Озмуни “Мухлиси сол” бо ҳадафи арҷгузорӣ ба мухлисони фаъол, вафодор ва ташаббускори футбол баргузор мегардад. Имсол низ ин озмун бо мақсади ҳавасмандсозии ҳаводорони ин риштаи варзиш доир гардид ва зимни як чорабинии тантанавӣ мухлисони дастаҳои фаъол қадрдонӣ гардиданд.
Дар давоми сол мухлисон бо дастгирии пайвастаи дастаҳои дӯстдоштаашон, ҳузури фаъол дар варзишгоҳҳо, ташкили иқдомҳои мухлисона, ташвиқи бозингарон ва риояи фарҳанги баланди мухлисӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд. Ҳамаи ин меъёрҳо ҳангоми баҳогузорӣ ба назар гирифта шуда, ҳаводорони футбол аз рӯйи категорияҳои инфиродӣ ва махсус мукофотонида шуданд. Фонди ҷоизавии озмуни “Беҳтарин мухлиси сол-2025” имсол 150 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҷоизаи «Беҳтарин мухлиси соли 2025»-ро гурӯҳи мухлисони дастаи «Равшан» – «Шерони Кӯлоб» ба даст оварда, соҳиби 40 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид. Ин пирӯзӣ на танҳо муваффақияти як фан-клуб, балки ғалабаи тамоми мухлисони футбол аст, ки бо рафтори шоиста ва дастгирии созанда рушди варзиши кишварро таъмин менамоянд. 
Дастаи мухлисони «Истаравшан» бо гирифтани 30 ҳазор сомонӣ ва мухлисони дастаҳои "Вахш” – и Бохтар ва Сарой-Камар” – и Панҷ бо гирифтани 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Илова бар ин мухлисони фаъоле, ки имсол дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳҳои мамлакатро дар мусобиқоти байналмилалӣ дастгирӣ карданд, соҳиби ҷоизаҳо шуданд.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"