ТАБРИКОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
Ҳамватанони гиромӣ!
Модарону хоҳарони арҷманд!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар - 8 Март, ки рамзи баҳори муаттар, меҳру муҳаббат ва рисолати муқаддаси инсонпарварист, табрик мегӯям.
Модар дар фарҳанги миллии мо ва тамаддуни башарӣ ҷойгоҳи воло ва муқаддас дорад.
Зан - Модари тоҷик офарандаи зиндагӣ, посдори гармии оила, тарбиятгари насли солим ва нерӯи созандаи ҷомеа мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи дастгирии занону бонувон дар меҳвари сиёсати Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ин раванд ифодагари сиёсати иҷтимоии давлат дар самти таъмин намудани баробарҳуқуқӣ ва фароҳамсозии шароити мусоиди рушди занон мебошад.
Имрӯз бонувони мо дар баробари мардон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва пешбурди ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ нақши бориз доранд.
Итминони комил дорам, ки занону бонувон минбаъд низ дар таҳкими пояҳои оила, тарбияи насли худшиносу ватандӯст ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми созандаи худро мегузоранд.
Бори дигар, ҷашни Рӯзи Модарро ба ҳамдиёрон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва бонувони саодатманди кишвар муборакбод намуда, саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда ва хушбахтӣ таманно дорам.
Рӯзи Модар муборак бод!
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ