МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛИ КАСБӢ ВА ҒАЙРИ КАСБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
ш.Душанбе. 10.03.2026 Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ вағайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар» ҷамъбаст гардид.
Мусобиқаи мазкур 14 феврал то 10 марти соли 2026 дар мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур 40 даста бо фарогирии 600 нафар бонувони вазорату кумитаҳо, раёсат ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои бонувони вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ҳамин тариқ баъди рақобатҳои ҷолиб, ки тӯли чанд рӯз давом кард, миёни бонувони ғайрикасбӣ дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм, дастаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм ва дастаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовори ҷойи чорум гардиданд.
Инчунин дар байни дастаҳои касбӣ дастаи бонувони шаҳри Душанбе-1 ҷойи якум, дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовари ҷойи дуюм, дастаи вилояти Суғд сазовори ҷойи сеюм ва дастаи Душанбе-2 ба гирифтани ҷойи чорум ноил гардиданд.
Дар ҷамъбасти чорабинии мазкур аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа муҳтарам Одилзода Дилбар ба ғолибон ва ҷоизадорон Ҷом, медал, диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 18170 сомонӣ, ҷойҳои дуюм диплом, медал ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15620 сомонӣ, ҷойҳои сеюм диплом, медал ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10520 сомонӣ ва ҷойҳои чорум диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе ҷудо гардида буд, тақдим карда шуданд. Инчунин дастаҳое, ки дар мусобиқаи мазкур иштироки фаъолона намуданд аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо сипоснома сарвароз гардонида шуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ