Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе
Аз 19 то 28 март ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Аз ҷумла, 19 март, соати 10:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ»-и ноҳияи Фирдавсӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём»-и ноҳияи Сино барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд.
22 март, соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» барномаҳои идона ва дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам» аз соати 14:00 то 19:00 Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баргузор мегарданд.
23 март, соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» барномаҳои наврӯзӣ доир мегарданд.
24 март, соати 09:00 дар Майдони «800-солагии Москва» барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон дар ҳамин рӯз аз соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» барномаҳои идона доир мешаванд.
25 март, соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» чорабиниҳои ҷашнӣ доир карда мешаванд.
26 март, соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» тантанаҳои наврӯзӣ доир карда мешаванд.
27 март, соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» чорабиниҳои наврӯзӣ баргузор мегарданд.
28 март, соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» барномаҳои наврӯзӣ доир мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯз бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунарию тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки бо фарорасии фасли баҳор мардуми тоҷик ба таҷлили ҷашни ниёгон омодагиро оғоз менамоянд. Дар бештари шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимию фарҳангии мамлакат дар ин рӯзҳо барномаҳои идона пешниҳод мегарданд.
Имрӯзҳо ба муносибати таҷлили бошукуҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз тамоми гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе зебу зиннат дода шудаанд. Дар онҳо гулҳои рангорангу дарахтони сояафкани гулпӯш ва дигар ороишоти рамзи баҳору Наврӯз насб гардида, ҳамарӯза сокинону меҳмонони пойтахт дар ин боғҳо ба сайру гашт мебароянд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ