Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
17 март дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, муовини якуми раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, сохторҳои қудратӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Иҷлосия мутобиқи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даъват шуда, бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Пас аз интихоби ҳайати Котибот, Комиссияи таҳрирӣ ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум ба дида баромадани масъалаҳои рӯзнома шуруъ намуданд.
Ба муҳокима дар рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум масъалаҳои зерин гузошта шуд буданд: Дар бораи татбиқи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ин самт. Дар бораи таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”. Дар бораи татбиқи “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ин самт” ва дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.
Доир ба масъалаи таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зоиршоҳ Амиршозода шунида шуда, аз ҷумла зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри мубориза бо коррупсия, ки яке аз монеаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, он вазифаи муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа мебошад ва мебоист ҳар як шаҳрванд бо нишон додани мавқеи шаҳрвандии худ дар мубориза бар зидди амалҳои хусусияти коррупсионидошта саҳмгузор бошад.
Вобаста ба масъалаҳои дигари кори ҷаласа, ки мавриди муҳокима қарор доштанд, вакилон қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Ҳамзамон дар асоси масъалаҳои муҳокимашуда аз ҷониби Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳманшо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ анҷом бахшид.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ