image

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” доир гардид 

date_range21.04.2026, 16:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye95

 Дар рафти ҷаласаи ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”, ки бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти 3 моҳаи ин шабакаи телевизионӣ роҳандозӣ шуд, директори “Телевизиони Душанбе” Маъруфҷон Оқилзода, муовинони директор, сармуҳарирон, сардорони шуъбаву бахшҳо ва кормандони муассиса ширкат намуданд.

Бо хушнудӣ зикр рафт, ки муассиса дар заминаи дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳиби бинои наву замонавӣ гардидааст, ки ҳоло дар он беҳтарин шароит фароҳам мебошад.

Нахуст доир ба фаъолияти техникии муассиса ҳисоботи муовини директор оид ба масъалаҳои техникӣ пешниҳод гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки муассиса пас аз гузаштан ба бинои нав соҳиби техника ва таҷҳизоти нав гардидааст. Дар семоҳаи аввали соли 2026 чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавию байналмилалие, ки дар шаҳри Душанбе ташкилу баргузор гардидаанд, тариқи студияҳои сайёр саривақт ва бо сифати баланд сабт ва инъикоси пурраи худро ёфтаанд. Дар ин муддат студияҳои сайёри муассиса 19 чорабиниро сабт ва инъикос намудаанд. 

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Идораи барномаҳои иттилоотӣ гуфта шуд, ки дар ин давра 231 нашри барномаи иттилооти “Вақт”, 154 нашри барномаи русии “Время”, 26 нашри ҷамъбастии “7-рӯзи Душанбе” ва 26 нашри ҷамъбастӣ бо забони русӣ “Неделя в городе” ва ҳамчунин 26 нашри барномаи англисии “Dushanbe weekly” омода ва пахш гардидааст. Дар маҷмуъ аз ҷониби кормандони идора 55 соат барномаи асл пешниҳоди бинандагон карда шуд. 

Ҳамчунин, дар давоми семоҳаи аввали соли 2026 аз ҷониби Идораи барномаҳои сиёсӣ ва таҳлилӣ 38 барнома, ҳамчунин 1 филм ва 1 видеоролик аз ҷумла, барномаҳои “Набзи иқтисод”, “Меҳвари иттилоот”, “Иршод”, “Ҳадаф”, “Пайгирӣ”, “Таҳқиқ”, “Замин баракати зиндагист”, “Занони муваффақ”, “Пирях манбаи оби тоза”, “Душанбе-шаҳри дастовардҳо-соли 2025”, “Наврӯз-2026” ва “Мавзӯи рӯз” таҳия ва пешниҳод шудааст.

Зимни пешниҳоди ҳисоботи Идораи фарҳангӣ ва барномаҳои мусиқӣ иттило дода шуд, ки дар 3 моҳаи аввали соли равон 101 барнома, 2 филм, 1 очерк, 8 ролик ва 4 лавҳа омода ва пешкаши бинандагон гардидааст. “Ҳунарвар”, ”Роҳи муваффақият”, ”Оинаи зиндагӣ”,“Сайри боғ”, ”Файзи ҳунар”, “Сайр”, “Аз рӯзгори ситораҳо”, ”Майдони дониш”, ”Ҳамешабаҳор”, ”Шоми дидор”, ”Достони хунёгар” ва ”Дурахшон” аз ҷумлаи барномаҳои идора мебошанд, ки дар онҳо тамоми рӯйдодҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, бахусус шаҳри Душанбе инъикоси саривақтии ҳудро пайдо карданд.  

Дар идома фаъолияти дигар бахшу соҳаҳои муассиса низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни натиҷагирӣ роҳбарияти муассиса баромад намуда, доир ба дастоварду пешравиҳои телевизион андешаҳои худро баён дошт.

Дар фароварди ҷаласа аз ҳайати эҷодиву техникӣ даъват ба амал оварда шуд, ки бо ҳисси ватандӯстӣ ва дарки масъулияти ватандорӣ пайи кору эҷод бошанд. Ҳамзамон ба ин васила дар тарғиби сиёсати давлату ҳукумати кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин тарғиби фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. 

Сарвиноз Гулова 

"ТВ Душанбе"