image

БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ СУДАМАНДИ РОҲБАРИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ЯКҶО БО МАСЪУЛИНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯ

date_range27.04.2026, 14:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye14

Санаи 27 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №122 ноҳия тибқи Нақшаи муштараки мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия оид ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии нашъамандӣ, гароиши сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, инчунин иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳонаи ҳудуди давлатҳои хориҷӣ, маблағгузории терроризм, муқовимат бо савдои одамон, пешгирии ғасби ғайриқонунии замин ва сохтмонҳои худсарона, риояи қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе, одоби шаҳрнишинӣ, фарҳанги миллӣ, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», дар ин замина вусъати корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо мақсади истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони маҳаллаҳои Чимтеппа ва Қаҳрамони ноҳия вохӯрӣ доир гардид. 

Дар он муовини Раиси ноҳия, прокурори ноҳия, намояндагони сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот дар ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия, инчунин дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. 

Зимни суханронӣ Абдуқодирзода Фаррух Комил - прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои болозикр бо истифода аз факту рақамҳои мавҷуда андешаҳои худро баён намуда, дар идома иброз доштанд, ки дар шароити муосир масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, татбиқи самараноки стратегияҳои миллӣ дар ин самт заминаи устувори таъмини амнияти ҷомеа ва суботи давлат мебошад.

Ҳамзамон, таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, бахусус ифротгароӣ нақши калидӣ мебозад.

Дар ҷараёни мулоқот иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрам саволу ҷавобҳо пешниҳод намуда, фикру андешаҳои худро баён доштанд. Дар анҷом аз ҷониби Абдуқодирзода Ф. иброз гардид, ки ҳар як фарди худогоҳ бояд дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро ҳамчун роҳнамо дар фаъолияти минбаъдаи худ қарор дода, барои таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад.