Рӯзи ҷаҳонии футболро дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид таҷлил карданд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷаласа бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иштироки президенти ФИФА Ҷанни Инфантино баргузор шуд.
Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ Ҷонибек Ҳикмат намояндагӣ кард. Дар ҷараёни суханронӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони таъсиси Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад, ки ҳамасола 25 май дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад. Ҳамчунин зикр шуд, ки футбол имрӯз ҳамчун василаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ миёни халқҳо, бахусус ҷавонон, хизмат мекунад.
Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ҳозирин ва тамоми мухлисони футболро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфта, нақши вижаи ин бозиро дар муттаҳид намудани одамон новобаста аз миллат, фарҳанг ва забон таъкид намуд. Ӯ ҳамчунин аз ташаббусҳое, ки ба рушди минбаъдаи футбол дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон равона шудаанд, пуштибонӣ кард.
Дар ҷараёни чорабинӣ президенти ФИФА бо намояндагони Тоҷикистон самимона суҳбат намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ивази пироҳан карданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ