Маросими ҷамъбасти курси омӯзишии дӯзандагӣ зери унвони «Бонуи ҳунар»
Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ҷиҳати ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону ҷавондухтарон ва фароҳам овардани шароити муносиби иҷтимоӣ курси омӯзишии дӯзандагӣ зери унвони «Бонуи ҳунар» барои 50 нафар ҷавондухтарон аз оилаҳои ниёзманд дар Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд. Дар раванди ин тадбир ба касбомӯзон аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба ҳунари дӯзандагӣ омӯзонида шуд.
Дар маросими ҷамъбасти курс масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки ҳунару ҳунармандӣ рукни асосии фарҳанги миллӣ буда, волотарин дастоварди аҳли башар мебошад, ки дар доираи фаъолият, кору рӯзгор, суннату анъанот, мақому манзалати ҳар миллатро муайян ва мартабаи давлатро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Ба ҳамин маънӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат арзёбӣ намуда, бо арҷгузориҳо ба фарҳанги беш аз панҷҳазорсолаи миллат пайваста таъкид ба омӯзиши расму оин, мероси ниёгон, анъаноти миллӣ ва густариши маънавиёти ҷомеа дорад. Ҳамин гуна ба тамоми гулдухтарон, ки ҳунари дӯзандагиро омӯхтанд, шаҳодатномаҳои касбӣ супорида шуд.
Бояд қайд намуд, ки курсҳои омӯзишии «Бонуи ҳунар» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз соли 2017 амалӣ шуда, бо фарогирии 1021 нафар занону ҷавондухтарон аз оилаҳои ниёзманди пойтахт ташкил гардида, устодони ботаҷриба ҳунарҳои қаннодӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ ва қолинбофиву гулдӯзиро ба касбомӯзон омӯзонида, дар ҷамъбасти курсҳо ба соҳибкасбон барои фаъолияти минбаъдаашон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи касбӣ супорида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи асосии курсҳои омӯзишӣ соҳибкасб гардонидани занону духтарони хонашин, эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҷойҳои нави корӣ, алалхусус, барои бонувону ҷавондухтарон мебошад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ