Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров
5 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Садир Нургожоевич,
Шумо ва мардуми дӯсти Қирғизистонро ба муносибати рӯйдоди муҳим – интихоб шудани Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун узви ғайридоимии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2027–2028 самимона табрик мегӯям.
Ин рӯйдоди муҳимро ҳам барои Қирғизистон ва ҳам барои тамоми минтақа ҳамчун боз як далели нуфузи баланди кишвар ва эътирофи сиёсати созандаю дурбинонаи хориҷии Шумо дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамоям.
Бовар дорам, ки фаъолияти созандаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин ниҳоди калидии Созмони Милали Муттаҳид ба талошҳои муштараки мо ҷиҳати таҳкими суботу амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ такони иловагӣ хоҳад бахшид.
Ба Шумо, муҳтарам Садир Нургожоевич, саломатии бардавом ва комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатӣ, инчунин ба мардуми бародари Қирғизистон сулҳ, пешрафти босуръат ва иҷрои муваффақонаи рисолати муҳиму масъулиятнок — узвияти Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро хоҳонам».
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ