image

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбос

date_range05.06.2026, 22:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye20

5 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр, кишвари раисикунанда дар Шурои Иттиҳоди Аврупо Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кипр ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

“Мо ба ҳамкории судманди дарозмуддат бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он манфиатдорем” - иброз доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимнан, алоқамандии Тоҷикистон ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо Кипр дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб иброз гардид.

Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкориро бо  Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонад ва манфиатдор аст, ки рӯзномаи ҳамкории  минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо тавсеа ёбад.

Аҳаммияти пешбурди минбаъдаи муколамаи доимии сиёсӣ ва ҳамкории самарабахши Тоҷикистону Кипр дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ, бахусус СММ, аз ҷумла дар масоили обу иқлим, таъкид гардид.

Масоили ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими амну субот дар минтақа ва ҷаҳон низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.