image

Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Душанбе

date_range07.06.2026, 04:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye54

Дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе субҳи имрӯз, дар Муассисаи давлатии "Боғи Ирам" бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ доир гардид. 
Нахуст, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ва ҳайати ҳамроҳонаш аз намоишгоҳ, ки бахшида ба ин сана пешниҳод шуда буд, дидан намуданд.
Намоишгоҳ аз дастовардҳои соҳаи муҳити зисти донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, муассисаҳои томактабию мактабӣ ва маҳсулотҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи корхонаҳои саноатӣ иборат буда, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Бояд қайд намоем, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами экологӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои давлатии экологӣ қабул гашта, дар ин радиф корҳои ободонию созандагӣ ҷараёни тоза касб намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологӣ, солимгардонии табиат сӯҳбату вохӯриҳо бо аҳли ҷамоатчигӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Бо инобати таъмини ободонию сарсабзии шаҳри Душанбе ҷиҳати коҳиш додани газҳои гулхонаӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2025 ва баҳори соли 2026 дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе зиёда аз 610289 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда ва буттагӣ шинонида шуд.
Гузашта аз ин, бо мақсади солимгардонии муҳити зист дар ин давра 37 маротиба аксияи Тозагии соҳил ва 34 маротиба аксияи Тозагии маҳал доир гашт, ки дар чорабиниҳои болозикр аъзоёни Клуби волонтёрони экологӣ дар назди Раиси шаҳри Душанбе, сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ, ба фаъолонаи ҷомеаи шаҳрванди  ва дигар сохторҳое, ки дар самти ҳифзи муҳити зист ҳиссагузорӣ намуданд, ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми, барномаи консертӣ манзур карда шуд.

Раҳими Карим 

"ТВ Душанбе"