ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БА СОХТМОНИ МАҶМААИ «IT HUB DUSHANBE» АЗ ҶОНИБИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
9 июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, дар ноҳияи И. Сомонии пойтахт ба оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд.
Зимни шиносоии лоиҳа ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи IT-Hub Dushanbe аз Мактаби IT, It Park, Маркази тиҷоратии технологияҳои иттилоот ва Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ иборат мебошад.
Татбиқи ин лоиҳа аз сиёсати дурбинона ва ҳадафмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, густариши технологияҳои муосир, ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ сарчашма гирифта, барои ташкили муҳити нави инноватсионӣ ва рақамӣ дар кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.
Яке аз биноҳои маҷмаа таъсиси Мактаби IT-и шаҳри Душанбе (Dushanbe IT School) мебошад, ки ҳамчун муассисаи муосири таълимӣ барои омода намудани мутахассисони рақобатпазири соҳаи технологияҳои рақамӣ пешбинӣ шудааст.
Иншооти мазкур аз бинои муосири 10-ошёна иборат хоҳад буд.
Қисмати дигари маҷмаа IT Park Dushanbe мебошад, ки ҳамчун муҳаррики рушди соҳибкории рақамӣ ва экосистемаи стартапии Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.
Иншооти мазкур аз бинои 13-ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 11 ҳазору 500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бузургтарин иншооти маҷмаа Маркази тиҷоратии технологияҳои иттилоотӣ (IT Business Center)мебошад, ки ҳамчун маркази корпоративии ширкатҳои пешрафтаи технологӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ хизмат хоҳад кард.
Ин марказ аз бинои муосири 23-ошёна иборат буда, масоҳати умумии сохтмони он зиёда аз 21 ҳазору 600 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Яке аз муҳимтарин бахшҳои маҷмаа таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбемебошад.
Марказ бо масоҳати умумии зиёда аз 10 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд.
Лоиҳаи «IT Hub Dushanbe» на танҳо маҷмааи сохтмонӣ, балки платформаи миллии рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои пешрафта мебошад. Татбиқи он барои рушди сармояи инсонӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, рушди содироти хизматрасониҳои рақамӣ ва ташаккули муҳити мусоиди соҳибкории технологӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ