ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

09/06/2026
Ҳамчунин давоми рӯз, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни муаррифӣ ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 150 кормандони илмӣ хизмат менамояд.
Дар бино ҳуҷраҳои кории роҳбарият, шуъбаҳои дахлдори Институт, ҳуҷраҳои кории кормандони илмӣ, Марказҳои иқтисоди сабз ва рақамӣ, толори Шурои олимон ва синфхонаҳои таълимии муҷҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои муосири инновастионӣ барои омода кардани кадрҳои илмӣ дар зинаҳои магистратура, докторантура ва аспирантура мавриди истифода қарор гирифта, аз 51 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 110 ҷой, ошхона бо 90 ҷойи нишаст, китобхона бо қироатхона барои 50 нафар, ҳуҷраи тиббӣ ва толорҳои конфронсӣ мавҷуд мебошанд.
Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Институти иқтисодиёт ва демография туҳфаи арзандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе ба кормандони илмии Институт ва дар маҷмуъ ҳайати олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва рӯзҳои таҷлил аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз олимону мутахассисон ва муҳаққиқону унвонҷӯён даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида тамоми кушиш ва талоши хешро баҳри рушди илми ватанӣ равона созанд.
Дар навбати худ кормандони илмӣ ва ҳайати олимони Академияи миллии илмҳо аз ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ёдовар шуда, сипосу қадрдонии амиқи хешро ба Раиси шаҳри Душанбе иброз доштанд.
Дар охир Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ ва насбу васли таҷҳизотҳои замонавии Марказҳои навтаъсиси Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баҳои баланд дода, барои истифодаи самаранок ҷиҳати рушду таҳкими илми тоҷик ва муаррифӣ намудани дастовардҳои олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ тавсияҳои судманд доданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ