БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ВАРЗИШ ВА ТАҲКИМИ ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ»
23 июни соли 2026 дар толори Муассисаи давлатии телевизиони «Душанбе» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди варзиш ва таҳкими ҳаракати олимпӣ» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба муносибати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи олимпӣ доир шуда, дар кори он муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода,котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшоҳ, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов Иброҳимзода Амир, директори МД Телевизиони "Душанбе" Оқилзода Маъруф,ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева ва Темур Раҳимов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни конференсия оид ба аҳаммияти Ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаи варзиш ва таҳкими ҳаракати олимпӣ суханронӣ намуда,қайд карданд, ки маҳз ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар заминаҳои устувор фароҳам гардида, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалии варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст.
Иштирокчиён нақши варзишро ҳамчун василаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва тарбияи насли солиму созанда муҳим арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ карданд, ки ҷомеаи варзишии мамлакат минбаъд низ барои баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ