Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон боздид намуданд
21 июл дар доираи сафари давлатӣ ба Муғулистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Улан-Батор аз Осорхонаи миллии таърихии ин кишвар боздид намуданд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки осорхонаи миллӣ 11 октябри соли 2022 дар маркази шаҳри Улан-Батор ифтитоҳ гардид.
Дар осорхона китобхонаи илмӣ бо 6000 ҷилд китоб мавҷуд аст.
Бинои осорхона нуҳошёна буда, дар ҳашт ошёнаи он толорҳои мавзӯӣ мавҷуд аст.
Дар ошёнаҳои поёнӣ намоишгоҳҳо дар бораи халқҳои қадимие, ки дар Муғулистон сукунат доштанд, ҷойгиранд.
Осорхона як маркази бузурги тадқиқотиро мемонад, зеро зиёда аз 10400 намоишгоҳи фарҳангӣ дорад.
Дар байни онҳо ашёи антиқа ва бостоншиносии тааллуқ ба асри XIII мавҷуд аст.
Зимни шиносоӣ бо дастхатҳои бо алифбои бостонии муғулӣ навишташуда роҳбалади осорхона, аз ҷумла иттилоъ дод, ки ин хатро муғулҳои бостонӣ аз хатти тоисломии суғдиён қабул намудаанд. Ба иттилои мутахассисон, алифбои суғдиёни бостонӣ бо хатти замони Куруши Кабир, аз ҷумла бо он хатте, ки Эъломияи машҳури ин шоҳаншоҳи Эронзамини қадим навишта шудааст, шабоҳати наздик дорад.
Пас аз боздид аз Осорхонаи миллии Муғулистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олимақом соядаст гузоштанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ