image

ДАР ПОЙТАХТ ЗЕРИ УНВОНИ "ҶАЛБИ САРМОЯИ ХОРИҶӢ ВА ТАКМИЛИ БАҲИСОБГИРИИ ОМОРӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ" МИЗИ МУДАВВАР БАРГУЗОР ШУД

date_range13.08.2026, 15:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye29

Дар доираи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пайваста ҳамоишҳои гуногуни иқтисодӣ ташкил карда мешавад. Зимнан дар пойтахт зери унвони "Ҷалби сармояи хориҷӣ ва такмили баҳисобгирии оморӣ дар шаҳри Душанбе" мизи мудаввар баргузор шуд. 

Ҳамоиш дар заминаи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатӣ роҳандозӣ гардид. Дар кори он муовини Раиси шаҳри Душанбе Исмоилзода Нурҷаҳон, намояндагони вазорату идораҳо дахлдор, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва соҳибкорону сармоягузорони пойтахт ширкат намуданд.  

Дар рафти кори мизи мудаввар масъалаҳои муҳимми ҷалби сармоя, баҳисобгирии оморӣ ва омилҳои дигари марбут ба ин мавзӯъ ҳамаҷониба  баррасӣ карда шуд. 

Дар ҷараёни кори чорабинӣ ҳамзамон намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор бо пешниҳоди маърӯзаҳои таҳлилӣ баромад намуданд. 

Гуфта шуд, ки ташкили чунин чорабиниҳо барои рушди соҳа ва ҷалби бештари сармоя заминаи мусоид фароҳам меоранд.