МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО МУҲАММАД ҲАСАН АСАДӢ
14 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Муҳаммад Ҳасан Асадӣ, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд.
Дар оғоз муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи нахустини меҳмон ва ҳайати ҳамроҳро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри зебои Душанбе самимона хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки ин сафар қадами муҳим ва муассир дар самтҳои гуногун хоҳад буд.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, саноат, технологияҳои рақамӣ, маориф ва фарҳангро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-умин солгарди истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ дар соли 2027, ташкили Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Душанбе дар шаҳри Шероз ва Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Шероз дар шаҳри Душанбе ба мақсад мувофиқ арзёбӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб судманд табодули афкор сурат гирифт.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ