ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ МАШВАРАТӢ ВА ОМОДАГИИ ПЕШ АЗ САФАРИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ
25 августи соли 2026 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба фаъолият шуруъ кард. Дар маросими ифтитоҳ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, Раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода Сафар Маҳмадшо ва Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо иштирок намуданд.
Марказ бо мақсади расонидани машварату ёрии амалӣ ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба хориҷи кишвар барои фаъолияти меҳнатӣ доранд, таъсис ёфта, дар самти омодасозии пеш аз сафар, омӯзиши забон, шиносоӣ бо таърих, фарҳанг, расму оин ва қонунгузории кишварҳои қабулкунанда хизматрасониҳои заруриро ба роҳ мемонад. Ҳамзамон, ба муҳоҷирони меҳнатии бозгашта оид ба имкониятҳои омӯзиши касбӣ, бозори меҳнат ва дарёфти ҷойи кор машварат ва маълумоти зарурӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар бинои марказ инчунин курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбӣ барои шаҳрвандони бекор ва шахсони беихтисос ташкил карда мешаванд. Дар доираи ин курсҳо шаҳрвандон аз рӯи касбҳои гуногун, аз ҷумла пешхизмат, дӯзанда, пазанда, ороишгар, асосҳои истифодаи компютер ва дигар ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Фаъолияти марказ ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, омодагии дуруст ба сафар ва фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл равона гардида, дар самти пешгирии мушкилоти марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва дастгирии шаҳрвандони ноҳияи Шоҳмансур нақши муҳим хоҳад дошт.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ