ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ ВА ҲАММОМ ДАР ШАҲРАКИ 192–193
Имрӯз дар шаҳраки 192–193-юм, маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин ва Раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода Сафар Маҳмадшо бинои коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳаммом ба истифода дода шуд.
Дар партави сиёсати созандаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ пайваста дастгирӣ меёбад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, барои сокинони маҳалла имконияти фаъолияти меҳнатӣ фароҳам мегардад.
Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ бунёд гардида, барои сокинони маҳалла имкониятҳои нави хизматрасонӣ фароҳам меорад.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ намудҳои гуногуни либос, аз ҷумла либоси ҳарбӣ, либосҳои миллӣ, либосҳои ҳаррӯза ва дигар маҳсулоти дӯзандагӣ омода гардида, барои харид ба аҳолӣ пешниҳод карда мешаванд. Ба роҳ мондани чунин фаъолияти истеҳсолӣ на танҳо талаботи сокинонро ба либосҳои гуногун қонеъ менамояд, балки барои рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ низ мусоидат мекунад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ