ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРАКИ 191
Имрӯз дар кӯчаи С. Айнӣ, шаҳраки 191-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин ва Раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода Сафар Маҳмадшо маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд.
Дар партави сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз самтҳои муҳими корҳои созандагӣ ба ҳисоб меравад. Бо ифтитоҳи маркази мазкур 10 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, барои сокинон, бахусус занону ҷавонон, имконияти нави шуғл фароҳам оварда мешавад.
Марказ барои расонидани хизматрасониҳои гуногун ба аҳолӣ пешбинӣ гардида, коргоҳи дӯзандагии он ба истеҳсол ва пешниҳоди намудҳои гуногуни либос машғул хоҳад буд.
Дар коргоҳ либосҳои миллӣ, либосҳои ҳаррӯза, либоси ҳарбӣ ва дигар намудҳои маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол гардида, ҳамзамон барои фурӯш ба аҳолӣ пешниҳод карда мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки сокинон маҳсулоти заруриро дар маҳалли худ дастрас намуда, бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин гарданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ