image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 

date_range22.09.2026, 07:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

21 сентябр дар толори маҷлисии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» ва «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026» (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE-2026) баргузор гардид.

Дар ҷаласа, ки таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи тадорукот Бахтиёр Шарифӣ баргузор шуд, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои дахлдори пойтахт, вазорату идораҳои соҳавӣ, масъулини омодасозии чорабиниҳо ва дигар аъзои Кумитаи тадорукот иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба омодагӣ, ташкили ҳамоҳангшуда ва таъмини баргузории чорабиниҳои мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ва муҳтавоию касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 иштироки 115 ширкат, аз ҷумла 22 ширкати хориҷӣ, дар назар аст.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе низ тайи чанд соли охир ба яке аз майдонҳои муҳими муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва густариши робитаҳои байналмилалии соҳа табдил ёфтааст.