image

БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ БО УСУЛИ «МАКТАБ БА МАКТАБ» ТАҲТИ УНВОНИ «ПАЁМ, ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ» ВА ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range22.09.2026, 07:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye3

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ҳисси тарбияи ватандӯстӣ миёни ҷавонон ва шаҳрвандон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатова Малоҳат, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Каримова Зайнаб, мутахассиси бахши кор бо занон Бобоҷонова Гулбахор, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеа Сайфулоев Сунатулло иштирок намуда, оид ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, риояи талаботи қонунгузорӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ суханронӣ намуданд.

Зимни хониши сиёсӣ таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди давлат ва пойдории сулҳу субот саҳми фаъол гузоранд.