БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ БО УСУЛИ «МАКТАБ БА МАКТАБ» ТАҲТИ УНВОНИ «ПАЁМ, ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ» ВА ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ҳисси тарбияи ватандӯстӣ миёни ҷавонон ва шаҳрвандон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Мудири бахши тарбияи ватандустии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Аскарзода Аслам, намояндаи шуъбаи маориф Шарипов Гулаҳмад, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Каримова Зайнаб, мутахассиси бахши кор бо занон Бобоҷонова Гулбахор, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеа Сайфулоев Сунатулло иштирок намуда, оид ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, риояи талаботи қонунгузорӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ суханронӣ намуданд.
Зимни хониши сиёсӣ таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди давлат ва пойдории сулҳу субот саҳми фаъол гузоранд. Показать меньше
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ