ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВИИ ҶАВОНОНИ «АВАНГАРД» - И НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
21 сентябри соли ҷорӣ дар шуъбаҳои №1 ва №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар доираи нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи ҷавонони «Авангард» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тарбиявию маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини аввали сардори раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал - майори милитсия Нурзода Тоҳир, сардорони шуъбаҳои №1 ва №2 дар ноҳияи Сино, полковники милитсия Ғафурзода Аҳлиддин Маҳмадраҷаб ва полковники милитсия Сайдализода Файзалӣ Сайдалӣ, роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев Алиҷон Маҳмудҷононвич, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи ҳудуди ноҳияи Сино, донишҷӯён ва хонандагони фаъол иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози ҷомеа дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пешрафти кишвар нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиёни ҳамоиш зимни маърузаи хеш масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, роҳҳои эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон аз таъсири ақидаҳои ифротӣ ва истифодаи тарзи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, огоҳии ҷавонон ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва сохторҳои дахлдор метавонад дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва дигар падидаҳои номатлуб нақши муассир дошта бошад.
Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ доир ба эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон ва саҳми ҷавонон дар ободонӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол андешаронӣ сурат гирифт.
Ҷавонони гурӯҳи «Авангард» даъват шуданд, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва меҳнатдӯстӣ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, барои ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як гурӯҳ ҷавонони фаъол барои иштироки фаъолона ва саҳми арзандаашон дар корҳои ҷамъиятӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ