image

Видео: Қаҳрамонону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 ба Ватан баргаштанд

date_range27.09.2026, 12:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye7

Парчами Тоҷикистон дар майдони бузурги варзиши Осиё бори дигар парафшон шуд. Варзишгарони тоҷик дар рӯзҳои нахустини ХХ Бозиҳои Осиёӣ-2026, ки дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон баргузор шуд, бо нишон додани маҳорати баланд соҳиби чор медал — ду тилло, як нуқра ва як биринҷӣ гардиданд.

Ин дастоварди арзанда бори дигар собит кард, ки варзиши тоҷик дар арсаи қитъавӣ мавқеи худро устувор нигоҳ медорад.

Қаҳрамонону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ пас аз рақобатҳои пуршиддат ва пурифтихор ба Ватан баргаштанд. Бозгашти онҳо барои дӯстдорони варзиш рӯйдоди хотирмон буда, дастовардҳои варзишгарон боиси ифтихори ҳамватанон гардид.