image

ТАБРИКОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ - ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

date_range26.09.2026, 08:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye6

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Собиқадорони парламенти тоҷик!

Бо камоли эҳтиром ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Маҷлиси Олӣ - Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 26 сентябр таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.

Парламентаризм яке аз рукнҳои муҳими давлатдории муосир ба ҳисоб рафта, дар таҳкими низоми сиёсию ҳуқуқии ҳар кишвар аҳаммияти хоса дорад. 

Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди намояндагии халқ ва мақоми олии қонунгузор дар ташаккули сиёсати ҳуқуқии давлат, ифодаи манфиатҳои ҷомеа ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди устувори кишвар нақши муҳим дорад. 

Парламенти Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолияти худро таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраҳои ниҳоят ҳассосу мураккаб оғоз намуда, дар барқарорсозии сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ташаккули низоми ҳуқуқии давлат саҳми назаррас гузоштааст. 

Фаъолияти қонунгузории мамалакат бо дарназардошти арзишҳои давлатдории миллӣ, манфиатҳои ҷомеа ва таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ пайваста такмил ёфта, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Имрӯз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо дарки масъулияти баланд дар назди давлату миллат дар таҳия ва қабули қонунҳо, намояндагии манфиатҳои мардум ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа саҳми бориз мегузоранд. 

Ҳамзамон, густариши робитаҳои байнипарламентӣ ва дипломатияи парламентӣ ба таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкориҳои созанда ва муаррифии ташаббусҳои кишвар мусоидат мекунад.

Бо дарки масъулият бояд гуфт, ки фаъолияти мақоми қонунгузор дар шароити имрӯза, пеш аз ҳама ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти кишвар равона шудааст.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, бори дигар, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, собиқадорони парламенти Тоҷикистон ва тамоми ҳамватанонамонро ба ин санаи фархунда табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу хушбахтӣ, дар фаъолияти пурмасъули давлатию ҷамъиятӣ комёбиҳои нав ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу суботи пойдор ва ояндаи боз ҳам ободу шукуфонро таманно дорам.

Рӯзи Маҷлиси Олӣ - Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!