Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
30 сентября таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷстоники баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст лоиҳаи Барномаи Далатии рушди маърифат ва фарханги экологии аҳолии Ҷумҳурии Токикистон барои солҳои 2026-2030 гг. Шунида Шуд.
Таъкид гардид, ки мақсад аз таҳия ва қабули Барномаи мазкур, в баланде бардоштани сатҳи саводнкии экологии табақаҳой аҳол, ташаккули арзишҳой усувори экологе ва малакаҳой рафлори бомасъулият дар шаҳрвандон, ҷалби ҷавонон, созмонҳои ҷамъиятӣ в корхонаҳо барои иштироки фаъолона дар татбиқи ташаббусҳои экологӣ в тақвияти корҳои маърифатӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки дар барномаи таҳияшуда, ҳамчунин, ташаккули фарҳанги экологӣ ба инобат гирифта шудааст, ки яке аз масъалаҳой афзалиятноки ҳифзи муҳити зист маҳсуб мейобад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Барномаи давлатии рушди маърифат в фарханги экологии аҳолии Ҷумҳурии Токикистон барои солҳой 2026-2030 в Нақшаи хорабиниҳой амалигардонии Барномаи мазкур тасдиқ гардида, сохторҳой марбута аз натиҷаи корҳо ҳар сол то 1 марта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Сипас, дар маҷлис лоиҳаҳои как қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи Нақшаи амали Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сольҳои 2023-2027 дар соли 2027 в дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2028 в параметрои асосии он барои солҳои 2029-2030 баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муҳокимаи масъалаҳой зикршуда барои дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои барномаҳо ба вазорату идораҳой марбута вақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру тавсияҳо донданд.
Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Токикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар ва роҳбарони дигар сохторҳоро ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии супоришҳои қаблии маҷлиси Ҳукумат ва масъалаҳой имрӯза, ҷалб намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои мубрам ва рӯзмарра, аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ба зимистони солҳои 2026-2027 гг., захираи маводи сухт ва хурокворе, ҷамъоварии ҳосили боқимондаи пахта ва меваю сабзавот, кишти тирамоҳии ғалла, идома ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар наздди масъулин вазифаҳои мушахас гузоштанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ