image

ТАБРИКОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН

date_range04.10.2026, 07:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye6

Ҳамдиёрони азиз,

Омӯзгорону устодони арҷманд!

Бо камоли эҳтиром фарорасии Рӯзи омӯзгоронро ба ҳар яки шумоён - омӯзгорону устодон, мураббиён ва ҳамаи онҳое, ки дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузор мебошанд, самимона табрик менамоям.

Омӯзгор дар фарҳанги миллӣ ҳамеша мақоми баланд дошта, чароғи маърифат,

пайвандгари наслҳо ва раҳнамои роҳи дониш ба шумор меравад. 

Маҳз бо заҳмати содиқонаи омӯзгор насли наврас соҳиби дониш, ҷаҳонбинии созанда, маърифати баланд ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеаву Ватан мегардад.

Маврид ба зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои меҳварии сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд.

Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат ва дар доираи барномаҳои афзалиятноки давлатии соҳаи маориф ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба талаботи ҷомеа ва бозори меҳнати дохилию хориҷӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.

Қобили зикр аст, ки омӯзгорон бо масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстӣ ва азму иродаи қавӣ рисолати муқаддаси хешро дар ҷодаи таълиму тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, худшиносу худогоҳ, фарҳангдӯсту ватандӯст ва созандаву масъулиятшинос шарафмандона амалӣ менамоянд. 

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, бори дигар ба ҳар як корманди соҳаи маориф саломатии комил, саодати рӯзгор ва комёбиҳои тозаи эҷодиро орзумандам

Рӯзи омӯзгорон муборак, ҳамватанони азиз!