image

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ПОЙТАХТ

date_range06.10.2026, 07:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

5 октябр бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии "Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим" ҳамоиши тантанавӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ доир гардид. 

Дар чорабинӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раис ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. 

Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ифтитоҳ намуда, табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ба аҳли толор расониданд.

Қайд гардид, ки бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, ҷиҳати рушду инкишофи он дар кишвар пайваста ташаббусҳои мондагор роҳандозӣ карда мешаванд. 

Дар идомаи чорабинӣ ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Осиё Саломиён Муҳаммаддовуд баромад намуда, марҳилаҳои рушди забони тоҷикӣ, нақши Истиқлоли давлатӣ дар ин раванд ва дигар масъалаҳои соҳаро шарҳу тавзеҳ дод. 

Қайд гардид, ки дар тули таърих забони тоҷикӣ тавониста аст, ки миллати тоҷикро аз нестшавӣ наҷот бахшад. Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳое мебошад, ки имрӯз дар замони муосир мо осори ниёгони худ - Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва дигар бузургони хешро, ки ҳазор сол пеш эҷод намудаанд, бе ягон мушкилӣ мефаҳмем. Ин аз бузургии забони тоҷикӣ ва миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Сипас иштирокчиён филми мустанади "Ҳастии миллат"-ро тамошо намуда, аз ҷониби ҳунарманди Театри тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов дар васфи забони тоҷикӣ ва миллати тоҷик шеър қироат карда шуд.  

Дар интиҳои чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони мумтози кишвар пешкаши аҳли толор гардонида шуд.