image

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУД ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

date_range27.10.2026, 09:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye5

Ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ нақши мақомоти судӣ дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барқарор намудани адолати иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои давлати ҳуқуқбунёд муҳим арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки кормандони мақомоти судӣ дар иҷрои вазифаҳои касбии худ бояд ҳамеша ба талаботи қонунгузорӣ риоя намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, беғаразӣ ва садоқат ба касб баҳри таъмини адолати судӣ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон фаъолият намоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба кормандони мақомоти судӣ барои фаъолияти пурмасъул ва саҳми онҳо дар таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун изҳори сипос намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақиятҳои нав таманно карда шуд.