Ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ
29 октябр дар толори мудаввари бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Барои иштирок дар форуми мазкур Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева, Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай, Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова ва муовини якуми Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Медербек Алиев бо ҳайатҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Қабл аз оғози ҷаласа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар толори даромадгоҳи бинои Маҷлиси Олӣ меҳмонони олиқадрро як-як самимона истиқбол гирифта, дар ҳамин ҷо маросими аксбардории якҷояи роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид.
Сипас, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба кори ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳ бахшида, суханронӣ намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст ҳамтоёни худро аз давлатҳои дӯсту ҳамҷавори Осиёи Марказӣ ва аъзои ҳайатҳои расмии парламентҳои кишварҳои ҳамсояро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Зикр гардид, ки баргузории мунтазами Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз қарори ҳамоиши машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ маншаъ мегирад, аз хусусияти устувор, бонизом ва стратегии муколамаи байнипарламентӣ дар минтақа гувоҳӣ медиҳад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки имрӯз дар Осиёи Марказӣ низоми нави ҳамкории минтақавӣ тадриҷан ташаккул ёфта, муносибатҳои байни кишварҳои минтақа боз ҳам густариш меёбанд.
Асоси ин равандро ҳамоҳангсозии манфиатҳои миллӣ, рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишварҳои минтақа бо дарназардошти воқеияти имрӯзаи геосиёсӣ ташкил медиҳад.
Бо шарофати иродаи сиёсии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ таҳким ёфта, муколамаи созанда рушд мекунад ва робитаҳо дар сатҳҳои гуногун густариш меёбанд.
Дар баробари ин, парламентҳо дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории минтақавӣ, татбиқи созишномаҳои бадастомада ва мусоидат ба иҷрои амалии онҳо нақши муҳим доранд.
Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷонибдори таҳкими сулҳу субот, таъмини амният, густариши ҳамкории минтақавӣ ва рушди муколамаи созанда дар сатҳи бисёрҷониба мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш роҳбарони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ сухан ронда, доир ба мавзӯъҳои мубрами ҳамкорӣ ва рӯзномаи ҷаласаи форум изҳори андеша карданд.
Иштирокчиён изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои форуми Душанбе дар таҳкими шарикии байнипарламентӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, созанда ва мутақобилан судманд байни давлатҳои Осиёи Марказӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Дар фарҷом, аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома Эъломияи Душанбе қабул карда шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ