Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Иштирокдорон иброз намуданд, ки 6 ноябри соли 1994 мардуми тамаддунсози мо таҳти сарварӣ ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти бузург, новобаста аз вазъи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карданд.
Сию ду соли амали Конститутсия собит намуд, ки халқи бофарҳанг ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул кунад, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин намояд.
Дар раванди сиёсии ҷаҳони имрӯза дар баробари хатарҳои экстремизму терроризм коррупсия низ ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ барои инсоният мушкилоти гароне ба бор овардааст.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози муқовимати расмӣ бо ин зуҳуроти хатарнок барои боз ҳам тақвият додани сиёсати зиддикоррупсионӣ пайваста корҳои муассир доир гардиданд. Ҳоло дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқии комил қабул ва тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ дар ин самт фароҳам оварда шудаанд.
Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инчунин субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда барои амалигардонии муқовимати маҷмуӣ бар зидди ин зуҳуроти зараровар дорои тамоми ваколату салоҳияти бо қонун пешбинишудаи зарурӣ мебошанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ