image

Дар Майдони «Истиқлол» варзиши пагоҳирӯзӣ доир гардид

date_range07.10.2022, 13:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye273

Дар доираи тақвияти барномаҳои ободонии роҳбарияти шаҳри Душанбе дар пойтахт бо фароҳамии шароити зарурӣ барои истироҳату фароғат ва машғул гардидан ба варзиш муассисаҳои зиёде бунёд шудаанд, ки Майдони «Истиқлол» дар маркази шаҳр намунаи олии он ба ҳисоб меравад.

Ҳамарӯза сокинону меҳмонони пойтахт аз ин мавзеъи фарҳангӣ ва сарсабзи шаҳр боздид менамоянд. Ҳоло барои истироҳату фароғати сокинон беҳтарин шароит дар Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” фароҳам шудааст. 

Дар баробари истироҳату тамошо ҳамзамон дар ин майдон имкони баргузории чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла машқҳои пагоҳирӯзӣ низ фароҳам гардидааст. Бо инобати ин машқҳои пагоҳирӯзии навбатӣ бо иштироки ҷавонони фаъоли пойтахт, сокинон ва донишҷӯёну машқварзон дар ин боғ доир шуд.

Ба иттилои масъулини соҳа ва устодони риштаи варзиш машғул гардидан ба варзиши пагоҳирӯзӣ барои сиҳатии ҷисм, солимии ҷомеа ва дарозумрии шахс мусоидат менамудааст. Ҳамин аст, ки дар машқҳои пагоҳирӯзӣ ҷавонону наврасон аз шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ва варзишгарон ширкат намуданд.

Бунёди боғу истироҳатгоҳҳои зиёд дар шаҳр шароити заруриро барои машқҳои пагоҳирӯзӣ дар ҳудуди пойтахт фароҳам намудааст ва сокинон метавонанд пайваста ба варзиш машғул шаванд.