image

Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Ҷуғрофияи таърихӣ ва фарҳангии Шоҳнома»

date_range11.10.2022, 13:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye377

Шоҳнома - ҳамосаи миллии мардумони Ориëӣ мебошад, ки Ҳаким Фирдавсӣ онро солҳои 970-1005 дар муддати 30-35 сол навиштааст. Ҳамоса аз 60 ҳазор байт иборат аст ва бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон аст, ки ба қалами як шахс тааллуқ дорад.

Ба ин муносибат дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Ҷуғрофияи таърихӣ ва фарҳангии Шоҳнома» баргузор гардид. «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз шумори он асари гаронбаҳои таърихист, ки то ба имрӯз нигоҳдорандаи фарҳангу асолати миллӣ ва тарғибгари ҷасуриву далерӣ дониста мешавад.

Дар кори Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷуғрофияи таърихӣ ва фарҳангии Шоҳнома» роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону коршиносони кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки Фирдавсӣ асари худро дар замоне навишт, ки давлати бузург ва муттамаркизи тоҷикон — Сомониён гирифтори кашмакашҳои дохилӣ буд. Вай дар синни 35-солагӣ пас аз он ки ба шаҳри Бухоро ва дигар маконҳо сафар карда, бар иловаи «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» дар бораи гузаштаи мардумони Эрон маълумоти муфассал ҷамъ оварда, ба танзими хамосаи худ «Шоҳнома» шурӯъ намуд. Сар то сари он ба ҳимояи давлат ва ягонагии мардум бархоста, далерӣ, озодӣ, садоқат, ватандӯстӣ ва қаҳрамонӣ, ки волотарин хислатҳои инсонӣ дониста мешавад, тарғиб намудааст.

Муқаддимаи «Шоҳнома» аз бобоҳои «оғози китоб», «Гуфтор андар ситоиши хирад», гуфтаҳоро дар офариниши олам, мардум, «Ситоиши паёмбар ва ёронаш» фароҳам омадааст. Достон аз се фасли асоси иборат аст: фасли якум ба таърихи Пешдодиён, фасли дуюм ба таърихи Каёниён ва фасли сеюм ба таърихи сулолаи Сосониён бахшида шудааст.